Кормандони кумитаи ҳолатҳои фавқулода сӯхторро хомӯш карданд, аммо фаъолият дар нақб низ қатъ шуд.
"141 нақбкани басти шабона ба ҷои бехавф кӯчонида шуданд. Сеяки корҳои нақб қатъ шудааст", - хабар доданд мақомоти Қазоқистон.
Ин нахустин ҳолати фавқулода дар нақби мазкур нест. Рӯзи 12 март низ дар нақби "Саран" сӯхторе рух дода буд. Чанд рӯз пеш аз ҳодисаи 12 март як коргари кон дар нақб ҷон дод.
Соли 2017 коргарони нақби "Саран" бо талаби беҳтарсозии шароити корӣ корпартоӣ карда буданд.