Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон даъвати то 100 нафар дар туй иҷозат шуд


Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо COVID-19 дар Тоҷикистон туйи домодию арӯсӣ бо иштироки то 100 нафарро иҷозат дод.

Моҳи июли соли 2020 Кумитаи дини Тоҷикистон эълон кард, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз паҳншавии коронавирус туйҳо бояд бо иштироки 30-40 нафар баргузор шаванд.

Хабаргузории давлатии “Ховар” хабар додааст, ки Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо COVID-19 рӯзи 27-уми март бо шарти “риоя намудани чорабиниҳои беҳдоштӣ” тӯйи домодию арусӣ бо иштироки то сад нафарро иҷозат дод.

Дар Тоҷикистон пас аз эътирофи вуҷуди коронавирус дар моҳи апрели соли 2020, беш аз ду моҳ баргузории маросими хонадоршавӣ манъ буд. Моҳи июли соли 2020 мақомот баргузории туйи домодию арусиро иҷозат доданд, вале гуфтанд, ки ба ин маросим набояд аз 30-40 нафар бештар меҳмон даъват шавад.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, аз моҳи январи имсол то кунун ҳеҷ мавриди сирояти сокинон ба коронавирусро сабт накардаанд. Дар ҳоле, ки дар Қирғизистон ва Узбекистон, ду кишвари ҳамсояи Тоҷикистон гирифторони ин беморӣ бештар мешавад, коршиносон ба ин иддаои мақомоти тоҷик бо шубҳа менигаранд.

XS
SM
MD
LG