Дар ин бора аз мақомоти пулиси Тошканд хабар доданд.
Рӯзи 28 март дар маркази шаҳри Тошканд зидди фаъолони ҳимоят аз ҳуқуқҳои ҳамҷинсгароён иқдоми эътирозӣ баргузор шуд. Навори ин иқдом дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд.
Пулиси Тошканд гуфт, 12 тан аз ширкатдорони ин иқдомро боздошт кардааст. Нисбати онҳо бо моддаи "Авбошӣ" парванда боз шудааст.
Расонаҳо пештар аз ин хабар доданд, блогер Миразиз Бозоров, ки тасмим дошт, рӯзи 28 март дар маркази Тошканд чорабинии бахшида ба филмҳои тасвирии ҷопонӣ ва мусиқии куриёӣ баргузор кунад, аз сӯи афроди ношинос латту кӯб шуд.