Ссылки доступа

Интихоботи маҳаллии Бишкек: бархе аз ҳизбҳо дар раъйхарӣ гумонбар мешаванд


Дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон аз рӯи далели харидани раъйи интихобкунандагон ва сӯистифода аз мақоми хизматӣ 11 парванда боз шудааст. Дар ин бора аз Комисияи марказии интихоботӣ хабар доданд.

Аз ҷумла нисбати 2 номзади ҳизби "Ота Журт Қирғизистон" бо моддаи "Харидани раъйи мардум", нисбати мубаллиғи ҳизби "Оқ-Бата" бо моддаи "Вайрон кардани тартиби сармоягузории маъракаи интихоботӣ", нисбати узви ҳизби "Эмгек" ва номзад аз ин ҳизб бо моддаи раъйхарӣ парванда боз шудааст.

Ҳамзамон, намояндагони ҳукуматҳои ноҳияҳои Октябр ва Ленини Бишкек бо он айбдор мешаванд, ки аз мақоми хизматии худ ба фоидаи ҳизби "Эмгек" сӯистифода кардаанд.

Интихоботи шӯрои маҳалии Бишкек 11 апрел дар назар аст.

Барои 45 курсии шӯрои маҳаллии Бишкек 1820 номзад аз 25 ҳизб мубориза мебарад.

XS
SM
MD
LG