Ссылки доступа

Ҷомеаи тиҷории шаҳри Алмато аз давлат кӯмак талаб дорад


Соҳибкорони шаҳри Алматои Қазоқистон, ки дар натиҷаи карантини шадиди коронавирус зарар дидаанд, барои пардохти маоши кормандону иҷораи коргоҳ аз давлат 2 миллиард танга кӯмак талаб карданд.

Максим Баришев, раиси шӯрои минтақавии Палатаи соҳибкорони шаҳри Алмато бо ин мазмун аз номи соҳибкорони дигар баромад кард.

"Бояд аз буҷаи кишвар маоши коргарон, иҷораи коргоҳ ва қисме аз қарзҳо пардохт карда шавад. Ин пардохтҳо бояд барои ҳар рӯзи аз фаъолият боз мондани тиҷорат сурат гирад. Айни замон 50 ҳазор ширкат ва соҳибкори инфиродӣ ба далели маҳдудиятҳои карантинӣ аз фаъолият боз мондааст. Дар маҷмуъ 250 ҳазор коргар муваққатан бекор ҳастанд. Барои ҳар рӯзи кор накардан 2.5 миллиард танга зарур аст", - гуфт Баришев.

Бакитҷон Сагинтаев, раиси шаҳри Алмато рӯзи 28 март гуфт, ки чораҳои пуштибонӣ аз тиҷоратро бо соҳибкорон баррасӣ кардааст.

"Гузинаҳои гуногунро баррасӣ кардем. Намояндагони тиҷорат моро мефаҳманд, кӯмак мекунем. Гуруҳи корӣ ташкил дода, ба ҳукумат муроҷиат хоҳем кард. Охири ҳафтаи оянда гирди ҳам меоем. Агар вазъ беҳбуд ёбад, метавонем, маҳдудиятҳоро бекор кунем", - гуфт Бакитҷон Сагинтаев.

Дар шаҳри Алмато аз рӯзи 10 март ба карантини шадид гирифта шудааст. Дар рӯзҳои охир дар он шаҳр 510 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус сабт шудааст.

Шаҳрдории Алмато маҳдудиятҳоро то 12 апрел тамдид кард.

XS
SM
MD
LG