Ссылки доступа

Раҳбарони Тоҷикистону Афғонистон аз сулҳу пул гуфтанд (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Соҳибкороони Қазоқистон шахсони дорои имконияти маҳдудро ба кор мегиранд (видео Настоящее время)

- Раҳбарони Тоҷикистону Афғонистон аз сулҳу пул гуфтанд. Раисҷумҳури Афғонистон гуфт, Тоҷикистон ҷонибдори оташбаси фаврӣ дар ин кишвар аст. Ашраф Ғанӣ, ки бо сафари расмӣ ва барои иштирок дар нишасти "Қалби Осиё" ба Душанбе омадааст, рӯзи 29-уми март гуфт, “ин паёме ба Толибон ва ҳомиёнаш аст.” (видео)

- Баҳром Азаматов ба зиндон маҳкум шуд. Баҳром Азаматов, корманди пешини раёсати Бозрасии Давлатии Автомобилӣ (ГАИ) дар вилояти Суғдро бо гуноҳи "садамаи марговар" ба чаҳор сол зиндон маҳкум карданд. Дар ин бора ҳукми Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе содир шуд (видео)

- Писари Иззат Амон дар Душанбе падарашро ҷустуҷӯ дорад (видео)

- Қирғизистон гуфтааст, Ворухро диҳед, қисме аз Боткандро бигиред. Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон гуфт, онҳо ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кардаанд, ҷазирақаламрави Ворухро ба онҳо бидиҳанд ва дар иваз 12 ҳазор гектар замини Қирғизистнро аз дигар ҷой бигиранд (видео)

- Сарнавишти Иззат Амон чӣ мешавад? Назари коршиносони тоҷик. Назари коршиносони тоҷик дар бораи сарнавишти Иззат Амон. Ин ҳомии ҳуқуқи муҳоҷиронро мақомдорони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот бо худ бурдаанд. Наздиконаш мегӯянд, ахиран ӯ аз шаҳрвандии Русия маҳрум шуда буд (видео)

- Кӣ ва бо чӣ маблағе имкони сафар ба Русия хоҳад дошт? Сар аз якуми апрел парвозҳои мунтазам дар хатсайри Душанбе-Маскав оғоз меёбанд. Ҳоло суол ин аст, ки нархи билет ба Маскав чӣ қадар хоҳад буд ва кӣ ҳаққи парвоз ба пойтахти Русияро хоҳад дошт (видео)

- "Ин пешравӣ аст, бидуни миёнаравии беруниҳо": сиёсатшинос дар бораи созиши марзии Узбекистону Қирғизистон (видео Настоящее время)

- Қирғизистону Узбекистон масъалаи марзиро ҳал карданд? Дар ин бора чӣ маълумот мавҷуд аст (видео Настоящее время)

- Дар Белорус бештар аз 100 одамро дар рӯзи нахустини эътирози мардумӣ боздошт карданд (видео Директ)

- Дар Қазоқистон карантини нав эълом шуд: дар шаҳри Алмато ҳамаи чорабиниҳоро манъ, марказҳои тиҷоратӣ ва тарабхонаҳоро мебанданд (видео Настоящее время)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД.

XS
SM
MD
LG