Ссылки доступа

Бадшавии вазъи вабо дар Қирғизистон боиси қатъи бархе аз парвозҳои байналхалқӣ шуд


Фурудгоҳи байналхалқии "Манас"-и шаҳри Бишкеки Қирғизистон шоми 29 март хабар дод, ки дар робита ба бад шудани вазъи вабои коронавирус бархе аз парвозҳои байналхалқиро бекор кардааст.

Аз ҷумла парвозҳои:

  • «Бишкек – Воронеж – Бишкек» (аз 3 то 25 апрел);
  • «Бишкек – Грозний – Бишкек» (аз 30 март то 6 апрел);
  • «Бишкек – Иркутск – Бишкек» (аз 3 то 29 апрел);
  • «Бишкек – Новосибирск – Бишкек» (31 март то 2 апрел) бекор шудаанд.

Ширкати ҳавопаймоии Air Astana бархе аз парвозҳои доимии "Алмато - Бишкек - Алмато"-ро аз 29 март то 29 апрел бекор кардааст.

Ширкати ҳавопаймоии China Southern Airlines ҳамаи парвозҳои самти "Урумчи - Бишкек - Урумчи" - ро бекор кардааст.

Фурудгоҳи "Манас" аз мусофирон даъват кардааст, ки барқароршавии парвозҳоро аз сомонаи airport.kg пайгирӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG