Ссылки доступа

Дар шаҳри Алмато 50 рӯз пайи ҳам пушти дари консулгарии Чин гирдиҳамоӣ баргузор шуд


Гирдиҳамоӣ пушти дари консулгарии Чин дар шаҳри Алматои Қазоқистон бо танқиди сиёсатҳои Чин дар Шинҷон ва талаби раҳоии хешовандон 50 рӯз аст, ки пайи ҳам идома мекунад.

Сарфи назар аз ҳавои номусоид, рӯзи душанбеи 29 март наздики 10 зан пушти дари намояндагии дипломатии Чин ҷамъ омаданд.

Фарида Қобилбек, яке аз занҳои эътирозгар, ки аз рӯзҳои аввали гирдиҳамоӣ ширкат дорад, гуфт, теъдоди ширкатдорон ва талабҳои онҳо коҳиш ёфта, аммо "нияти таслим шудан надоранд".

Вай гуфт, шавҳарашро дар Чин боздошт ва ба шаҳри Урумчии он кишвар бурдаанд. "Ман фикр мекунам, ки дар 50 рӯзи гирдиҳамоӣ мо ба натиҷаҳое даст ёфтем. Шавҳари ман гуфт, ҳафтаи оянда шиносномаашро хоҳад гирифт. Вай барои дарёфти виза дархост додааст. Аммо масъала ин аст, ки оё ба вай иҷозаи тарки Чинро медиҳанд ё не", - гуфт Фарида Қобилбек.

Аммо ширкатдорони дигари гирдиҳамоӣ мегӯянд, аз пайвандони бедаракшуда ва ё зиндониашон дар Чин иттилое надоранд.

Созмони Милал ҳисоб кардааст, ки дар Шинҷон 1 миллион уйғурҳо ва мусалмонҳои дигар дар "қароргоҳҳои зиддиифротгароӣ" нигаҳдорӣ мешаванд. СММ инчунин мегӯяд, як миллион аҳолии дигар маҷбуран ба "марказҳои бозтарбия" андохта шудаанд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико ҳам гуфтааст, тахминан 2 миллион уйғурҳову намояндагони дигари қавму миллатҳои бумии Шинҷон ба муассисаҳои бо номи "марказҳои бозтарбия" дар қаламрави ин вилоят бурда шудаанд.

Чин пойфишорӣ мекунад, ки ин муассисаҳо "марказҳои тарбиявӣ" буда, барои аз терроризму ифротгароӣ поккорӣ шудани инсонҳо ва ба ҷомеаи маҳаллӣ мутобиқ кардани онҳо амал мекунанд.

XS
SM
MD
LG