Ссылки доступа

Фаъолони қазоқистонӣ ҳукумати он кишварро ба додгоҳ кашиданд


Фаъолони қазоқистонӣ Талгат Аян ва Макс Бокаев, ки дар соли 2016 зидди ислоҳоти замин гирдиҳамоӣ ташкил карда буданд, ҳамакнун ҳукумати Қазоқистонро ба додгоҳ кашидаанд.

Фаъолон талаб доранд, тағйирот ба қонун дар бораи интихобот бекор шавад. Ба гуфтаи онҳо, ин қонун "касонеро, ки узви ҳеч ҳезбе нестанд, аз интихоб шудан ба ҳайси вакили маҳаллӣ маҳрум мекунад".

Фаъолон президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ва раисони ҳар ду палатаи порлумони он кишварро ҷавобгар нишон додаанд. Талгат Аян ва Макс Бокаев мегӯянд, тағйироте, ки дар соли 2018 ба қонуни интихоботӣ ворид шуд ва шахсони мустақилро аз номзадӣ ба мақоми вакилии маҳаллӣ маҳрум мекунад, хилофи Конститутсияи Қазоқистон аст.

Нахустин интихоботи маҳаллӣ, ки баъди тағйироти мазкур рӯзи 10 январи соли ҷорӣ баргузор шуд, раъйдиҳандагон на ба номзади мушаххас балки ба ҳизбҳо овоз доданд. Ба ин тартиб, ҳизби ҳокими "Нур Отан" бештарини овозҳоро соҳиб шуд. Нозирони ғарбӣ интихоботи ахирро бидуни рақобати воқеӣ баҳо доданд.

Макс Бокаев ва Талгат Аян баъди ташкили эътирозҳои зидди ислоҳоти замин дар соли 2016 зиндонӣ шуда буданд. Талгат Аян соли 2019 ва Макс Бокаев ибтидои моҳи феврали соли ҷорӣ аз зиндон озод шуд.

XS
SM
MD
LG