Ссылки доступа

Гузориши HRW дар бораи таъқиби рӯзноманигорон дар Белорус


Мақомоти Белорус дар панҷ моҳи охир таъқиби расонаҳои мустақилро сахттар карда, ба боздоштҳои беасос, ҷаримаҳо ва ҳабсҳои дорои ангезаи сиёсӣ даст задаанд.

Дар ин бора дар гузориши нави созмони байналхалқии ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch зикр шудааст, ки рӯзи 29 март нашр гардид.

Қонуншиканиҳои дар гузориш зикршуда, аз ҷумла шиканҷаи боздоштшудаҳоро созмони мазкур ҷузъе аз талошҳои мақомоти Белорус барои хомӯш кардани расонаҳое унвон кардааст, ки аз поймолшавии ҳуқуқи инсон хабар медиҳанд.

Амали мақомот дар пайи эътирози сокинон аз натиҷаҳои интихоботи президентии рӯзи 9 августи соли 2020 сар задааст. Мухолифони ҳукумати Белорус мегӯянд, натиҷаҳои интихоботи ахир ба фоидаи Александр Лукашенко тақаллуб шудаанд. Эътирозгарон хоҳони адолат ва баргузории интихоботи нав ҳастанд. Кишварҳои ғарбӣ пирӯзии Лукашенкоро эътироф накарданд.

Ба иттилои ҳомиёни ҳуқуқ, дар Белорус бештар аз 30 ҳазор эътирозгарон боздошт ва садҳо тани онҳо шиканҷа шудаву чанд тани дигар фавтидааст. Бисёре аз роҳбарони мухолифон ҳоло ё дар ҳабсанд ва ё иҷборан тарки Белорус кардаанд.

"Дар ивази он ки кормандони мақомоти қудратиро барои хушунатҳояшон ҷазо диҳанд, мақомоти Белорус баракс рӯзноманигоронеро таъқиб мекунанд, ки ин мавзуҳоро инъикос накунанд", - омадааст дар гузориши Human Rights Watch.

Аз моҳи сентябри соли 2020 то моҳи марти 2021 дар Белорус нисбати рӯзноманигорон на камтар аз 18 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, ки "зоҳиран ин парвандаҳо қассосгириро мемонанд", хабар додааст Human Rights Watch. Се тан аз маҷмуи рӯзноманигорони айбдоршаванда аз ним то ду сол зиндонӣ шуда, ҳафт тани дигар дар интизори муҳокимаи додгоҳӣ ҳастанд. Рӯзноманигоронро дар вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, саркашӣ аз пардохти андозҳо, дахолат дар фаъолияти пулис ва ғайра айбдор мекунанд.

Ба иттилои эътилофи рӯзноманигорони Белорус, аз моҳи августи соли гузашта то кунун дар он кишвар бо айбҳои маъмурӣ наздики 400 корманди расонаҳо боздошт шудаанд.

Дар гузориш ҳамчунин дар бораи ҳолатҳои ихроҷи хабарнигорони хориҷӣ баъди интихоботи моҳи августи соли 2020 хабар дода шудааст. Вазорати корҳои хориҷии Белорус дар моҳи октябри соли 2020 бо ворид кардани тартиботи нави дарёфти парвонаи кор фаъолияти рӯзноманигорони хориҷиро дар он кишвар душвортар кард.

XS
SM
MD
LG