Ссылки доступа

Марди ҳамлавар ба як корманди консулгарии Тоҷикистон дар Маскав боздошт шудааст


Сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфт, ки марди ҳамлавар ба як корманди консулгарии кишвар дар Маскав, боздошт шудааст.

Ҳодиса соатҳои тақрибан 11-и субҳи рӯзи 29-уми март дар назди бинои сафоратхона рух додааст.

Як манбаъ дар Сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 30-юми март ба Радиои Озодӣ гуфт, ки марди ҳамлавар дар даст корд назди мардуми корафтодаи назди сафорат омада ва ба яке аз муҳофизон ҳамла кард. Ба гуфтаи мусоҳиби мо, ҳарчанд ҳамлавар имкон наёфт бо корд ба ин муҳофиз зарба занад, аммо ӯ зарари ҷисмонӣ бардоштааст.

Манбаъ гуфт, ки фарди ҳамлавар аз пайравони гурӯҳи "Давлати исломӣ" ё ДОИШ буда, дар ҷустуҷӯи мақомоти тоҷик қарор доштааст. "Ӯ як одами хавфнок аст, ақидаҳои ифротӣ дорад",-афзуд манбаъ. Вақте аз ӯ пурсида шудаат, ки чаро ба ин кор даста зад, ҷавоб додааст, ки "мусалмонҳоро дар инҷо ғам медиҳанд".

"Сафоратро пулис ҳимоят мекунад ва ҷавон дастгир шуд, ҳоло дар боздоштгоҳ қарор дорад",-афзуд манбаъ.

Бархе расонаҳо аз фарди ҳамлавар Шомил Мустақимзода ном бурдаанд. Аммо манбаи Радиои Озодӣ дар Сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфт, ки ин фард ному насабашро иваз кардааст.

То кунун дар бораи ҳувияти фарди ҳамлавар маълумоти зиёд дар даст нест. Наздикони ӯ ҳам то ба ҳол дар ин робита изҳори назар накардаанд. Мақомоти интизомии Русия ҳам то ба ҳол ҳодисаро ба таври расмӣ шарҳ надодаанд.

Аммо шаби гузашта дар як навори видеоӣ дар "Ютуб" чанд тан аз муҳоҷирони тоҷик, ки ба қавли худашон бо талаби озодии Иззат Амон ба назди бинои сафорати Тоҷикистон омада буданд, бо нишон додани чеҳраи Шомил Мустақимзода иддао мекарданд, ки ӯ барои доштани риш аз сӯи кормандони сафорат латукӯб шудааст. Иддаое, ки масъулини сафорат онро радд мекунанд.

Иззат Амон, яке аз ҳомиёни ҳуқуқи шинохтаи тоҷик ва раиси Маркази тоҷикон дар Маскав, чанд рӯз пеш аз Русия ихроҷ ва дар Душанбе боздошт шуд.

XS
SM
MD
LG