Ссылки доступа

Ба сокинони Қирғизистон муҳтавои санади созиши марзӣ бо Узбекистонро шарҳ медиҳанд


Роҳбари ҳайати ҳукуматии Қирғизистон оид ба масоили муайянсозӣ ва аломатгузории марз Қамчибек Тошиев ба минтақаҳои наздимарзии вилояти Бодканд, Ҷалолобод ва Ӯши он кишвар рафта, ба сокинон муҳтавои санади созиши марзӣ бо Узбекистонро шарҳ медиҳад.

Қамчибек Тошиев рӯзи 26 март дар як нишасти хабарӣ натиҷаҳои гуфтугӯҳои марзӣ бо Тошкандро шарҳ дод. Вай гуфт, масоили марзӣ бо Узбекистон "сад дарсад" ҳал шуданд ва байни ду кишвар ҳеч минтақаи баҳсие боқӣ намондааст.

Санади созиши марзиро ниҳодҳои дигари Қирғизистон баррасиву тасдиқ ва дар ниҳоят порлумони он кишвар бояд қабул кунад.

Қирғизистон бо Узбекистон 1378 километр марзи муштарак дорад, ки 1170 километр ё 85 дарсади он аломатгузорӣ шудааст. Дар миёни ду кишвар 9 минтақаи баҳсӣ вуҷуд дорад ва ин номуайянӣ дар бештари маврид боиси низоъҳои марзӣ миёни сокинони дуҷониб хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG