Ссылки доступа

Таъсирнокии воксини Moderna ва Pfizer дар шароити воқеӣ собит шудааст


Таъсирнокии воксини ширкати дорусозии Pfizer ва Moderna зидди вабои COVID-19 дар натиҷаи озмоише собит шудааст, ки миёни кормандони соҳаи тиб ва ёрии таъҷилӣ анҷом шуда буд.

Дар ин бора дар гузориши Маркази назорат ва пешгирии бемориҳои ИМА зикр шудааст, ки рӯзи душанбе ба нашр расид.

Таъсирнокии ҳар ду воксин 90-дарсадӣ арзёбӣ шудааст.

Аз 3 ҳазор шахсе, ки барои озмоиш ин воксинро гирифтанд дар се моҳи баъди воксинзанӣ ҳамагӣ 11 кас ба вабои коронавирус гирифтор шудааст.

То рӯзи душанбеи 29 март 29 дарсади шаҳрвандони ИМА воксини зидди COVID-19 гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG