Ссылки доступа

Кумитаи СММ: бастани "Нашрияи ҳақиқӣ" дар Қазоқистон ғайриқонунӣ буд


Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ қарори додгоҳи Қазоқистонро аз соли 2014 дар бораи бастани нашрияи мухолифи "Нашрияи ҳақиқӣ" ғайриқонунӣ арзёбӣ кард.

Дар ин бора ҳомии ҳуқуқ Гулмира Биржанова хабар дод, ки дар СММ аз ҳуқуқҳои нашрия ҳимоят кардааст.

Сармуҳаррири "Нашрияи ҳақиқӣ" Розлана Таукина буд, ки ҳамакнун вафот кардааст. Таукина ба СММ шикоят бурда буд.

Қарори СММ моҳи октябри соли гузашта содир шудааст.

Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ гуфтааст, айбҳои эълонкардаи мақомоти Қазоқистон ва баъди он муҳокимаҳои додгоҳиву қарори баста шудани нашрия ҳама беасос буданд.

"Кумита аз Қазоқистон даъват кард, ки ҳамаи харҷҳои марбут ба додгоҳӣ пардохт, ҷаримаҳо бекор ва қарори бастани нашрия бозбинӣ шавад. Кумита ҳамчунин аз Қазоқистон даъват кардааст, ки дар оянда ба чунин қонуншиканиҳо роҳ надиҳад", - гуфт Биржанова.

Нахустин шумораи "Нашрияи ҳақиқӣ" моҳи апрели соли 2013 ба табъ расид. Сармуҳаррири нашрия Алия Имагулова барои нишон надодани санаи нашр ҷарима шуд. Нахустин шумораи нашрия мусодира гардид. 7 августи ҳамон сол нашрия барои нишон надодани теъдоди нашр се моҳ аз чоп боз монд. 5 декабри соли 2013 нашрия бо қарори додгоҳ се моҳ аз нашр боз дошта шуд.

Рӯзи 24 феврали соли 2014 додоҳе дар шаҳри Алматои Қазоқистон бо дархости додситонӣ қарори баста шудани нашрияро содир кард.

Дар даҳ соли охир дар Қазоқистон чанде аз нашрияҳои мустақил баста ва бархе аз онҳо "тундгароёна" эътироф гардиданд.

XS
SM
MD
LG