Ссылки доступа

Суръати паҳншавии коронавирус Қазоқистонро шомили минтақаи "сурх" кард


Қазоқистон аз рӯи паҳншавии ҳолатҳои нави гирифторӣ ба коронавирус ба минтақаи "сурх" шомил карда шуд.

Бино ба иттилои мақомоти тандурустии он кишвар, шаҳрҳои Алматову Нурсултон, вилоятҳои Атирау ва Қазоқистон Ғарбӣ шомили минтақаҳои "сурх" ҳастанд. Ҳамчунин вилоятҳои Алмато, Оқтеппа ва Қарағанда ба минтақаҳои "зард" шомил шудаанд.

Дар ҳар минтақае, ки аз 100 ҳазор кас бештар аз 50 сокин гирифтор шавад, минтақаи "сурх" ба ҳисоб меравад. Гирифтории аз 25 то 50 сокин аз ҳар 100 ҳазор кас ба вабои коронавирус шаҳр ё вилоятро шомили минтақаи "зард" мекунад.

Шуруъ аз миёнаҳои моҳи март дар Қазоқистон ҳамарӯза бештар аз ҳазор ҳолати нави гирифторӣ ба COVID-19 сабт мешавад.

Мақомоти расмии Қазоқистон гуфтанд, аз ибтидои вабои коронавирус дар он кишвар 243 ҳазору 318 ҳолати гирифторӣ сабт шудааст. Дар ин муддат аз коронавирус 3029 кас фавтидааст.

XS
SM
MD
LG