Ссылки доступа

Раиси як ширкат дар Узбекистон барои фиреби зиёда аз 19 ҳазор одам 8 сол зиндонӣ шуд


Додгоҳи ноҳияи Чилонзори Узбекистон Ҷамшед Баҳодиров, раиси ширкати "Avto 60 oy"-ро бо айбҳои "қаллобӣ", "пулшӯӣ", "саркашӣ аз пардохти андоз" ва "соҳибкории дурӯғин" 8 сол зиндонӣ кард.

Ҳамроҳ бо Ҷамшед Баҳодиров, чаҳор тани дигар аз кормандони ширкат аз 4 то 7 сол зиндонӣ шуданд.

Парвандаи ҷиноӣ нисбати раис ва дигар кормандони ширкати "Avto 60 oy" моҳи октябри соли 2019 кушода шуд.

Тафтишот муайян кард, ки Ҷамшед Баҳодиров аз тақрибан 19 ҳазор муштарӣ қариби 5,4 миллион доллар ҷамъ карда, танҳо ба 100 муштарӣ мошин фурӯхтааст.

Додгоҳ ҳамзамон ҳукм кард, ки айбдоршавандаҳо ба муштариҳо ҷуброн пардозанд.

XS
SM
MD
LG