Ссылки доступа

Дар издиҳоми ҷанозаи президенти Танзания 45 кас кушта шуд


Дар натиҷаи издиҳом дар маросими видоъ бо президенти Танзания Ҷон Магуфулӣ на камтар аз 45 кас кушта ва 37 тани дигар ҷароҳат бардоштааст.

Пештар хабар дода мешуд, ки дар он марсим панҷ кас кушта шудааст.

Ин ҳодиса рӯзи 21 март дар майдони варзишие дар Дор-ус-Саломи шаҳри Додома рух дод. Аммо расонаҳои африқоӣ дар ин бора рӯзи 30 март хабар доданд. Пулиси Танзания гуфт, афроди зиёде мехостанд, бо президент видоъ кунанд. Бархе аз онҳо нахостанд, мунтазири навбат истанд ва аз болои деворҳо вориди майдон шуданд ва ба ҳамин далел издиҳом падид омад.

Ҷон Магуфулӣ рӯзи 17 март, дар 61-солагӣ вафот кард. Мақомоти Танзания гуфтанд, вай аз дарди қалб фавтидааст. Вале мухолифони ҳукумати Танзания дар ибтидои моҳи март хабар доданд, ки президент Магуфулӣ ба вабои коронавирус мубталову дар бемористоне дар кишвари Кения бистарӣ шудааст.

Магуфулӣ дар кишвараш карантин эълом накард ва ба сокинони кишвараш машварат дод, ки бо ибодат худро табобат кунанд. Вай воксинзаниро ба масхара мекашид ва бидуни ниқоб гашту гузор мекард. Мақомоти Танзания шумори гирифторон ва фавтидагон аз коронавирусро нашр намекарданд. Магуфулӣ мегуфт, ба он хотир коронавирусро ҷиддӣ намегирифт, ки ба илми кишварҳои хориҷӣ эътимод надорад.

XS
SM
MD
LG