Ссылки доступа

Дар Узбекистон барои таҳқири президент тавассути интернет ҷавобгарӣ пешбинӣ шуд


Барои таҳқир ва ё туҳмат дар ҳаққи президенти Узбекистон тавассути интернет ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст.

Ин ҷавобгарӣ то 3 соли корҳои ислоҳӣ ё аз 2 то 5 соли маҳдудияти озодӣ ва ё то 5 соли маҳрумият аз озодиро пешбинӣ мекунад.

Вазорати адлияи Узбекистон гуфт, ин меъёр дар Кодекси ҷиноӣ ворид шудааст.

Қонуни мазкурро президенти Узбекистон рӯзи 30 март имзо кард.

XS
SM
MD
LG