Ссылки доступа

Порлумони Қирғизистон ба барканории раиси Додгоҳи олӣ раъй дод


Порлумони Қирғизистон пешниҳоди президенти он кишвар Содир Ҷабборовро дар бораи муваққатан қатъ кардани салоҳиятҳои раиси Додгоҳи олӣ Гулбарӣ Калиева тасдиқ кард.

Комисияи интизомии назди Шӯрои судяҳо пештар аз ин иҷозат дод, ки Гулбарӣ Калиева ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҷалб шавад.

Қамчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон хабар дод, ки нисбати Гулбарӣ Калиева парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Калиева дар фасодкорӣ айбдор мешавад, аммо вай ин айбҳоро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG