Ссылки доступа

Навбат барои харидани билети сафар ба Русия. "Utair" ва "Somon Air" нархро гуфтанд (видео)


Пас аз он ки "Сомон Эйр" ва "ЮТэйр" нархи сафар аз Душанбе ба Маскав ва ё баръакс аз Маскав ба Душанберо эълон карданд, рӯзи 31-уми март гуруҳе аз сокинон барои харидани билет дар назди дӯкони "Агентии алоқаи ҳавоӣ" дар пойтахт ҷамъ омаданд.

Ба қавли харидорон, билетро дар онҷо мефурӯхтаанд.

Нуқтаи билетфурӯшии "Агентии алоқаи ҳавоӣ" дар наздикии бозори собиқи "Шоҳмансур" ҷойгир аст. Қаблан мухолифони ҳуқумат дар чанд матлаб ин ширкати билетфурӯширо ба яке аз пайвандони раиси ҷумҳури Тоҷикистон рабт дода буданд. Мақомот ҳанӯз дар ин бора чизе нагуфтанд.

Интизор меравад, ба зудӣ фурӯши билетҳо дар хайтсари Маскав - Душанбе - Маскав шуруъ шавад. То он дам кормандони мақомоти интизомӣ дар назди дари нуқтаи билетфурӯшӣ як рӯйхати навбатпоёнро тартиб медиҳанд.

Хабаргузории "Азия-Плюс" бо такя ба намояндагони ширкатҳои "Сомон Эйр" ва "ЮТэйр" навишт, ҳанӯз билетҳоро ба фурӯши озод набаровардаанд. Аммо онҳо гуфтаанд, нархи билетҳо аз Душанбе ба Маскав 349 доллар ва аз Маскав ба Душанбе 143 доллар муқаррар шуд.

Ин дар ҳолест, ки баъзе аз навбатпоён ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ба онҳо бо арзиши гаронтар билет пешниҳод шудааст.

Қаблан Азиз Набизода, муовини раиси Оҷонси ҳавонавардии Тоҷикистон, ба Радиои озодӣ гуфта буд, аз ширкатҳо хостаанд, нархи билети рафту баргашт миёни Тоҷикистону Русия аз 450-500 доллар зиёд нашавад. Дар ҳоле ки ба қавли ӯ, "бисёриҳо кӯшиш мекунанд, нархи билетро беасос боло баранд ва ҳамагуна гаронӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон ва меҳмонҳои хориҷӣ осон нест."

Интизор меравад, парвози нахустин шаби 3-юми апрел тавассути ҳавопаймои ширкати "ЮтЭйр" анҷом шавад. Ҳавопаймои "Сомон Эйр" рӯзи 6-уми апрел ба Маскав хоҳад рафт.

Русия рӯзи 25-уми март эълон кард, ки аз 1-уми апрели имсол парвози мунтазами ҳавопаймоҳоро бо Тоҷикистон аз сар мегирад. Парвозҳои мунтазам миёни ду кишвар як сол қабл, моҳи марти соли 2020, бино бар паҳншавии коронавируси нав қатъ шуда буд. То кунун ширкатҳо танҳо бо парвозҳои чартерӣ шаҳрвандонро аз Русия ба Тоҷикистон меоварданд ва ё аз Тоҷикистон ба Русия мебурданд.

Марзи Русия танҳо барои нақлиёти ҳавоӣ, яъне ҳавопаймоҳо кушода мешавад. Сафар бо нақлиёти заминӣ – автобусу мошин ва қатор (поезд) ҳамоно номумкин аст. Ҳамчунин, феълан бо ҳадафи кору таҳсил тавассути Қазоқистону Узбекистон ва Дубаю Туркия ворид шудани тоҷикон ба Русия иҷозат нест.

Масъулини ҳукумати Русия дар посух ба дархости Радиои Озодӣ гуфтанд, шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла Тоҷикистон бояд маълумотномаи орӣ будан аз коронавирус (PCR Test) дошта бошанд, ки на дертар аз 3 рӯз то парвоз гирифта шудааст. Маълумотнома бояд ба забони русӣ ё англисӣ бошад.

Баста будани марзи Русия дар як соли охир боис шуд, ки даҳҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз сафар ба ин кишвари муҳоҷирпазир маҳрум шуда, даромади хонаводаҳо низ кам гардад. Тибқи иттилои Вазорати меҳнату муҳоҷират, дар соли 2020 тақрибан 130 ҳазор кас аз Тоҷикистон ба муҳоҷират рафтаанд ва ин рақам дар муқоиса ба соле аз он пеш 76 дарсад камтар аст.

Мувофиқи маълумоти Бонки Миллии Тоҷикистон, мизони пулҳои фиристодаи шахсони воқеӣ аз хориҷа ба кишвар дар соли 2020 6,3 дарсад кам шудааст. Ба маълумоти Бонки Марказии Русия, муҳоҷирон соли гузашта ба Тоҷикистон 1 миллиарду 741 миллион доллар фиристодаанд ва ин рақам дар муқоиса ба соли қаблӣ 759 миллион доллар камтар аст.

XS
SM
MD
LG