Ссылки доступа

Навалний дар маҳбас гуруснашинӣ эълом кард


Мухолифи ҳукумати Русия Алексей Навалний дар маҳбас гуруснашинӣ эълом кард. Дар ин бора вай бо навиштани номае хабар дод.

Навалний навиштааст, ки дар маҳбас ба даъват кардани пизишкон ва дарёфти дору ҳақ дорад. "На ин ва на онро ба ман иҷозат намедиҳанд. Дарди миён ба поҳҳо таъсир кардааст. Пойҳоям ҳассосиятро гум кардаанд. Шухӣ шухиву, аммо ин ҳолат изтироб меангезад. Дар ивази кӯмаки тиббӣ маро аз хоб маҳрум мекунанд", - навиштааст сиёсатмадор.

Навалний навиштааст, ки бо эъломи гуруснашинӣ талаб дорад, ки қонун иҷро ва пизишкро ба назди ӯ роҳ диҳанд.

Алексей Навалний, ки августи порсол дар минтақаи Сибир бо сафари корӣ қарор дошт, ҳангоми бозгашт ба Маскав дар дохили ҳавопаймо худро бад ҳис карду беҳуш шуд. Ҳавопаймо дар шаҳри Омск фуруд омад ва ӯро ба беморхонаи маҳаллӣ интиқол доданд. Баъди чанд рӯз ӯро барои наҷоти ҷонаш ба Олмон интиқол доданд ва дар он ҷо маълум шуд, ки ӯ бо заҳри низомии шӯравии “Новичок” заҳролуд карда шудааст. Баъди бозгашт аз табобат моҳи январ Навалний боздошт ва дар нақзи ҳукми ҳабси шартии соли 2014-и додгоҳ гунаҳгор шуд. Оғози моҳи феврал ӯро ба 2,5 соли зиндон маҳкум карда ба маҳбас интиқол доданд.

Қабл аз ин дар як филми таҳқиқотӣ Навалний ва тими ӯ собит карданд, ки дар заҳролудкунии ӯ ходимони мушаххаси ФСБ гунаҳгоранд, вале мақомот дар Маскав ин иттиҳомотро рад карданд.

XS
SM
MD
LG