Ссылки доступа

Воксини QazCOVID-и истеҳсоли Қазоқистонро мехоҳанд, пеш аз марҳилаи комили озмоиш, истифода баранд


Истифодаи воксини истеҳсоли Қазоқистон QazCOVID-in-ро дар он кишвар мехоҳанд, пеш аз анҷоми марҳилаи севуми озмоиш, ба роҳ монанд.

Дар ин бора Кунсул Закаря, мудири Институти пижуҳишӣ-илмии масоили амнияти биологии Қазоқистон рӯзи 31 март хабар дод. Вай гуфт, марҳилаи ниҳоии озмоиш 9 июл ба поён мерасад, аммо истифодаи ин воксин дар моҳи апрел ба роҳ монда хоҳад шуд.

"Дар бисёре аз кишварҳои мушоҳида шуд, ки воксинҳоро дар марҳилаи аввал ва дувуми озмоиш ба истифодаи умум иҷозат доданд", - гуфт Закаря.

Русия яке аз кишварҳоест, ки бидуни озмоиши марҳилаи севум ба истифодаи воксини зидди коронавирус "Спутник V" иҷоза дод. Ин рафтори Русия аз сӯи пизишкони ғарбӣ танқид шуд. Пизишкон иҷозаи истифодаи воксинро пеш марҳилаи севуми озмоиш хатарнок унвон карданд.

Ихтирогарони қазоқистонӣ рӯзи 31 март гуфтанд, аз 200 касе, ки дар марҳилаи дувуми озмоиши воксини қазоқӣ ширкат доштанд, танҳо 8 тан нисбат ба воксин масунияти паст нишон додаанд.

Дар озмоиши воксини қазоқистонӣ дар маҷмуъ 3 244 кас ихтиёран ширкат кардаанд.

Қазоқистон тасмим дорад, ду миллион мояи QazCovid-in истеҳсол кунад.

XS
SM
MD
LG