Ссылки доступа

Расонаҳо: роҳи ҷазирақаламрави Сӯхи Узбекистон 1 апрел боз мешавад


Расонаҳои маҳаллии Узбекистон хабар доданд, ки роҳи ҷазирақаламрави ин кишвар рӯзи 1 апрел боз мешавад.

Ба иттилои расонаҳо, дар мулоқоти ҳайатҳои ҳукуматии Қирғизистон бо Узбекистон, ки рӯзҳои 24-25 март дар шаҳри Тошканд сурат гирифт, тасмим шуд, ки бархе аз монеаҳои марзӣ бардошта шаванд.

Ба ин тартиб, роҳи самти ноҳияи Сӯх тавассути Риштон рӯзи 1 апрел боз хоҳад шуд. "То ин дам агар барои ворид шудан ба ин ноҳия мебоист 80 км роҳро тай кард, акнун ҳамагӣ 19 км масирро тай кардаву ба Сӯх хоҳем расид", - хабар дод Хайрулло Бозоров, ҳокими вилояти Фарғонаи Узбекистон.

Роҳи Сӯх-Риштон дар соли 2013, дар натиҷаи низое дар марзи Қирғизистон бо Узбекистон баста шуда буд.

Ноҳияи Сӯхи Узбекистон ҳамчун ҷазирақаламраве дар вилояти Бодканди Қирғизистон қарор дорад. Барои ворид шудан ба Сӯх мебояд, 20 км марзи Қирғизистонро тай кард.

Сокинони ҷазирақаламрав шаҳрвандони Узбекистон, аммо тоҷиктабор ҳастанд.

XS
SM
MD
LG