Ссылки доступа

Шӯрои уламои Тоҷикистон аз мардум хост, "бидуни таъхир" ваксина бигиранд


Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз мардум хостааст, ки "фаврӣ ва бидуни таъхир" ваксинаи зидди коронавирус бигиранд.

Дар муроҷиате, ки рӯзи 29-уми март нашр шуд, гуфтаанд, “эмгузаронӣ ягона роҳи нигаҳдории солимии миллат аст.”

Дар Тоҷикистон рӯзи 23-юми март эмгузаронӣ ба зидди коронавирус оғоз шуд. Барои ин кор кишвар 192 ҳазор воя ваксинаи “Астразенека”-ро дарёфт карда, дар назар аст, ваксинаҳои русӣ ва чинӣ бигирад.

Шӯрои уламо, ягона ниҳоди содиркунандаи фатво дар Тоҷикистон, хитоб ба мардум гуфтааст, “баҳри ҳифзи саломатии худ ва атрофиён ҳар як шахси ватандӯсту оқил, дар навбати аввал шахсони калонсол, бояд дар нуқтаҳои махсуси тиббӣ бетаъхир ва таъҷилан аз эмгузаронӣ гузаранд.”

Ба бовари аъзои Шӯро, худдорӣ аз гирифтани ваксинаи зидди COVID-19 “оқибати ногувор дорад”.

Аз рӯи тартиби Вазорати тандурустӣ бояд дар навбати аввал кормандони тиб ва сипас шахсони аз 60-сола боло зидди коронавирус бояд эм карда шаванд.

Дар аксҳое, ки дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ нашр кард, дида мешавад, феълан асосан пизишкон ваксинаи зидди коронавирус мегиранд. Вале дар пайи баҳсҳо атрофи бехатарии ваксинаи “Астразенека” баъзе аз пизишкон ва сокинон гуфтанд, дар гирифтани он чандон саросема нестанд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, аз 10-уми январ ба ин тараф дар кишвар ягон мавриди сирояти коронавирус сабт нашудааст, ҳарчанд иддае ба он бо шубҳа менигаранд.

Масъулони Вазорати тандурустӣ қаблан гуфтанд, Тоҷикистон 20 дарсади ваксинаи заруриро барои мардум дар доираи барномаи COVAX бепул мегирад ва боқимонда ваксинаро мехарад. Аз ҷумла, харидани ваксинаи русии “Спутник V” дар баррасӣ будааст.

Бонки Ҷаҳонӣ барои харидани ваксина ба Тоҷикистон қариб 9 миллион доллар додааст.

XS
SM
MD
LG