Ссылки доступа

Се миллион вояи воксини аз Чин харидаи Қазоқистон "шишаҳои холӣ" будаанд


Се миллион вояи воксини аз Чин харидаи Қазоқистон шишаҳои холӣ барои воксини истеҳсолии Қазоқистон QazCOVID-in будаанд.

Дар бораи се миллион вояи воксин пештар аз ин сафири Чин дар Қазоқистон Чжан Сяо хабар дода буд.

Аммо дар бораи шишаҳои холӣ будани ин харид мудири Институти пажуҳишӣ-илмии масоили амнияти биологии Қазоқистон Кунсул Закаря рӯзи 31 март хабар дод.

"Бале, шишаҳо барои воксини зидди коронавирус ҳастанд, ки дар Қазоқистон истеҳсол хоҳад шуд. Мо шишаҳоро аз Чин фармоиш додем", - гуфт Закаря.

Ин мақомдори Қазоқистон қимати шишаҳоро ошкор накард.

Сафири Чин дар Қазоқистон пештар аз ин дар мусоҳиба бо расонаҳо хабар дода буд, ки "се миллион воксин" ба Қазоқистон оварда шудааст. Ин мусоҳиба рӯзи 20 март нашр шуд. Вазири ҳифзи тандурустии Қазоқистон Алексей Тсой рӯзи 30 март гуфт, ки дар бораи ворид шудани се миллион вояи воксин аз Чин иттилоъ надорад.

XS
SM
MD
LG