Ссылки доступа

Владимир Познер баъди эътирозҳо зидди сафараш Гурҷистонро тарк кард


Владимир Познер

Рӯзноманигор ва ровии телевизиони Русия Владимир Познер баъди иқдоми эътирозии худҷӯш шаҳри Тифлиси Гурҷистонро тарк кард.

Эътирозгарон пушти дари меҳмонхонае ҷамъ омаданд, ки Познер онҷо иқомат дошт.

Эътирози худҷӯш зидди сафари Познер ба Гурҷистон шоми чаҳоршанбе дар шаҳри Тифлис шуруъ шуд. Пушти дари меҳмонхонаи вай байни эътирозгарон ва кормандони пулис занозанӣ рух дод. Эътирозгарон барқи меҳмонхонаро хомӯш карданд. Гирдиҳамомадагон талош карданд, ки барои Познер ва ҳамроҳонаш нохушнудӣ эҷод кунанд.

Пулис Познерро ба меҳмонхонаи дигар кӯч дод. Эътирозгарон дубора онҷо рафтанд ва сӯи меҳмонхона тухм ҳаво додаву дар деворҳои он "Гум шав аз Гурҷистон!" навиштанд.

Ҷонибдорони мухолифон аз ҳукумат талаб карданд, ки Познерро аз Гурҷистон ихроҷ кунад. Ба гуфтаи мухолифон, Познер ягонагии тамомияти ҳудудии Гурҷистонро эътироф намекунад ва ғасбкориҳои Русияро ҳақ мешуморад. Русия дар моҳи августи соли 2008 Осетияи Ҷанубиро, ки дар ҳайати Гурҷистон буд, ғасб ва мустақил эълом кард.

"Ман инҷо наомадаам, ки дар бораи сиёсат суҳбат кунам, омадаам, ки таваллудамро таҷлил кунам", - гуфт Познер дар фурудгоҳи Тифлис дар суҳбат бо рӯзноманигорон. Рӯзи 1 апрел вай 87-сола шуд. Ба иттилои расонаҳо, вай ҳамроҳ бо 40 каси дигар аз Москва ба Тифлис парвоз карда буд.

Субҳи 1 апрел Познер ҳамроҳ бо дӯстонаш Тифлисро тарк кард. Ибтидо вай нақша дошт, ки то 3 апрел дар Тифлис монад.

XS
SM
MD
LG