Ссылки доступа

Райимбек Матраимовро аз бемористон ба маҳбас бурданд


Муовини пешини раиси Хадамоти давлатии гумруки Қирғизистон Раимбек Матраимов, баъди муолиҷа дар бемористон, ахиран ба маҳбас интиқол дода шуд.

Дар ин бора аз мақомоти қудратии Қирғизистон хабар доданд.

Расонаҳо рӯзи 24 феврал иттилоъ доданд, ки Матраимов аз маҳбас ба бемористон бурда шудааст. Масъулони маҳбас гуфтанд, Матраимов аз фишорбаландӣ ранҷ мебурд ва ба кӯмаки фаврии тиббӣ ниёз дошт.

Матраимов рӯзи 18 феврали соли ҷорӣ дар доираи парвандаи пулшӯӣ боздошт шуд. Додгоҳ ӯро барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифтааст.

XS
SM
MD
LG