Ссылки доступа

Мақомоти Узбекистон рӯзноманигори хориҷиро дар нашри иттилои бардурӯғ айбдор карданд


Вазорати корҳои дохилии Узбекистон рӯзи 1 апрел изҳоротеро нашр кард, ки дар он рӯзноманигори лаҳистонӣ Агнешка Пикулитска дар нашри иттилои муғризона дар бораи блогерри латукӯбшуда Миразиз Бозоров айбдор шудааст.

"Ба шумо хабарнигори телевизиони "Ал-Ҷазира" Агнешка Пикулитскаро муаррифӣ мекунем, ки аз вазорати корҳои хориҷии мо моҳи феврали имсол парвонаи кор гирифта, дар Узбекистон фаъолият мекунад. Ин рӯзноманигор ба ҳаводисе, ки бо блогер Миразиз Бозоров рух дод, муғризона рафтор карда, дар саҳифааш дар Твиттер на он чизеро инъикос мекунад, ки рух додааст", - омадааст дар изҳороти ВКД.

ВКД Узбекистон бо зикри чанд навиштаи рӯзноманигор дар Твиттер, ӯро дар бадномсозии мақомоти корҳои дохилии Узбекистон айбдор кардааст.

Блогер Миразиз Бозоров шоми 28 март аз сӯи афроди номаълум латту кӯб шуд. Блогер бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарӣ аст.

Бозоров тасмим дошт, чорабиниеро бахшида ба филмҳои тасвирии ҷопонӣ ва мусиқии куриёӣ баргузор кунад. Вай борҳо ба тарафдорӣ аз ҳуқуқи ҳамҷинсгароён садо баланд кардааст.

Агнешка Пикулитска дар Твиттер навишт, ки дӯстони Бозоров ҳангоми бозпурсӣ дар идораи пулис зери фишор қарор гирифтаанд.

Рӯзноманигори лаҳистонӣ Агнешка Пикулитска моҳи феврали соли ҷорӣ гуфт, ки аз сӯи як корманди вазорати корҳои хориҷии Узбекистон мавриди озори ҷинсӣ қарор гирифтааст. Пикулитска барои расонаҳое амсоли The Guardian, Al Jazeera, The Diplomat ва Eurasianet гузориш таҳия мекунад.

Баъди изҳороташ дар бораи хушунати ҷинсӣ аз сӯи корманди вазорати корҳои хориҷӣ мақомоти Узбекистон ба вай парвонаи кор доданд.

XS
SM
MD
LG