Ссылки доступа

Рахнагарони интернетӣ ба иттилои шахсии 500 миллион корбари Facebook даст ёфтанд


Иттилои шахсии 500 миллион корбари Facebook дар як саҳифаи марбут ба рахнагарони интернетӣ нашр шудааст. Расонаҳо менависанд, ин 500 миллион корбар аз бештар аз 100 кишвар ҳастанд.

Иттилои шахсие, ки рахнагарон ба он даст ёфтаанд, аз рақами телефон, маълумоти биологӣ, суроғаи электронӣ иборат аст.

32 миллион маълумоти шахсии корбарон, ки ба дастрасии озоди қарор дода шудааст, ба шаҳрвандони ИМА, 11 миллион ба Бритониё, 6 миллион ба Ҳинд ва ғайра марбут аст.

Маъмурияти Facebook ба ин хабар то кунун вокуниш нишон надодааст.

XS
SM
MD
LG