Ссылки доступа

Мақомоти Қирғизистон мехоҳанд, то зимистон ҳамаи қирғизтаборони Афғонистонро баргардонанд


Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон рӯзи 4 апрел дар деҳаи Талдӣ-Сууи вилояти Ӯши кишвараш бо қирғизтабороне мулоқот кард, ки аз Афғонистон кӯчидаанд.

Дар ин деҳа барои 17 оилаи қирғизтабори баргашта 11 манзил бунёд шудааст.

Маркази матбуотии президенти Қирғизистон иттилоъ додааст, ки дар деҳаи мазкур барои қирғизтаборони дар Афғонистон боқимонда манзили бунёд мешавад.

Содир Ҷабборов ба сокинони деҳа ваъда додааст, ки то зимистони соли ҷорӣ қирғизтаборони боқимонда дар Помири Афғонистон ба Қирғизистон кӯчонида хоҳанд шуд.

Қисме аз қирғизтаборон аз Афғонистон охири соли 2019 ба Қирғизистон баргаштанд. Чанд муддати аввал онҳо дар бинои мактаб истиқомат карданд ва дар моҳи майи соли 2020 соҳиби манзил шуданд.

Шуруъ аз соли 2017 то ин замон 50 қирғизтабор аз Помири Афғонистон ба вилояти Норини Қирғизистон кӯч дода шудаанд. Як идда аз онҳо дар Қирғизистон сарпаноҳ пайдо накарданд ва дубора ба Афғонистон баргаштанд.

XS
SM
MD
LG