Ссылки доступа

Ронандагоне, ки ба маркази гармидиҳии Бишкек ангишт мекашанд, корпартоӣ карданд


Чанде аз ронандагони мошинҳои боркаш, ки ба кашондани ангишт аз кони Қара-Кечеи вилояти Норини Қирғизистон ба маркази гармидиҳии шаҳри Бишкеки он кишвар машғуланд, корпартоӣ карданд.

Ронандагон гуфтанд, ба далели пардохт нашудани ҳаққи заҳматашон корпартоӣ кардаанд.

"Мо ҳар тонаи ангиштро 900 сомӣ (наздики 11 доллар) мерасонем, вале ҳар тонаи онро 1290 сомӣ мефурӯшанд. Ширкати миёнараве, ки тендерро соҳиб шудааст, аз ҳисоби мо фоида ба даст меорад. Аз ҳамин хотир мо маҷбур будем, ки корпартоӣ кунем. "Қирғизкумор" метавонист, бо мустақиман кор кунад. Ба ҷуз ин, роҳҳо хароб шудаанд. Ба илова, дар кон афроде ҳастанд, ки ба мо имкони кор кардан намедиҳанд. Мо аз ҳукумат талаб дорем, ки ин мушкилиҳоро ҳал кунад", - гуфт Бакит Сламов, яке аз ронандагон.

Жийде Зоотбекова, сухангӯи ширкати "Қирғизкомур" гуфт, талоши ҳалли ин мушкилро доранд.

Қисме аз талаботи умумии Қирғизистонро ба ангишт кони Қара-Кече таъмин мекунад. Маркази гармидиҳии шаҳри Бишкек ҳамасола то 1 тона ангишт истифода мекунад, ки 680 ҳазор тонаи он аз Қара-Кече оварда мешавад.

XS
SM
MD
LG