Ссылки доступа

Кӯмаки башардӯстона: Узбекистон ба Қирғизистон тухмии пахтаву гандум фиристод


Узбекистон ба Қирғизистон 1000 тона тухмии гандум фиристод. Аз ин 1000 тона 500 тонааш ҳамчун кӯмаки башардӯстона ва 500 тонааш қарз дода шудааст, ки Қирғизистон бояд, дар шакли гандум баргардонад.

Дар ин бора сарвазири Қирғизистон Улуғбек Марипов иттилоъ дод.

Сарвазири Қирғизистон гуфт, ки Узбекистон ҳамчунин 500 тона тухмии пахта фиристодааст. Ин миқдор пахта низ 250 тонааш кӯмаки башардӯстона ва 250 тонааш қарз дода шудааст.

"Ба илова, Узбекистон ба Қирғизистон 10 ҳазор тона орд ҳамчун кӯмаки башардӯстона фиристодааст", - гуфт сарвазир.

Пештар аз ин хабар расида буд, ки Театри 103-солаи ба номи Бобури вилояти Ӯши Узбекистон аз ҳисоби Узбекистон таъмиру таҷдид мешавад.

Барои таъмири театр Узбекистон 440 ҳазор доллар ҷудо хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG