Ссылки доступа

Дар Қазоқистон бештар аз 1,9 ҳазор ҳолати нави COVID мубталоӣ ва 20 ҳолати марг аз "илтиҳоб" сабт шуд


Дар як рӯзи охир дар саросари Қазоқистон 1 ҳазору 921 ҳолати нави гирифторӣ ба вабои коронавирус сабт шудааст. Дар ин бора вазорати ҳифзи тандурустии Қазоқистон рӯзи 5 апрел хабар дод.

Мақомоти тандурустии Қазоқистон мегӯянд, теъдоди гирифтороне ҳам меафзояд, ки ба "вируси ташхисношуда" мубтало мешаванд. Ба иттилои вазорати тандурустии он кишвар, рӯзи 3 апрел 17 ҳолати гирифторӣ ба "илтиҳоби шабеҳи COVID-19" сабт шудааст. Рӯзи шанбеи 3 апрел дар он кишвар 20 ҳолати марге сабт шудааст, ки бар асари вабои коронавирус фаро расидааст.

Шумори умумии гирифторони вабои коронавирус дар Қазоқистон ба 255 ҳазору 28 кас расидааст. Аз ин вабо дар маҷмуъ дар Қазоқистон аз моҳи марти соли гузашта то ин замон 3110 кас фавтидааст.

XS
SM
MD
LG