Ссылки доступа

Путин қонун дар бораи "ба сифр баробар кардан"-и давраҳои президентиашро имзо кард


Рӯзи душанбеи 5 апрел президенти Русия Владимир Путин чанд қонунро имзо кард. Қонунҳо дар сомонаи расмии иттилои ҳуқуқии Русия нашр шудаанд.

Миёни қонунҳои рӯзи душанбе имзошуда қонун дар бораи "ба сифр баробар кардан"-и давраҳои президентии Путин низ ҳаст. Бино ба қонуни қабулшуда, ҳар кадом шаҳрванди Русия, ки ду давра президентӣ кардааст, ҳақ надорад, бори севум номзадиашро ба ҳайси президент пешбарӣ кунад. Аммо ин меъёр ба президенти амалкунандаи Русия дахл надорад, зеро вай то қабули қонун сари қудрат буд. Дар робита ба ин Путин ҳақ дорад, ки ду давраи дигар президент интихоб шавад.

Путин аз соли 2000-ум сари қудрат аст. Вай дар солҳои 2000, 2004 президент интихоб шуда буд. Он замон давраҳои президентӣ дар Русия чаҳорсолӣ буданд. Дар соли 2008 Дмитрий Медведев президент ва Путин сарвазир шуд.

Путин дар соли 2012 бори севум президент интихоб шуд, аммо он замон муҳлати президентӣ аз чаҳорсолӣ ба шашсолӣ табдил дода шуд. Владимир Путин соли 2018 бори чаҳор дар интихобот ширкат ва баранда эълом гардид. Зоҳиран, Путин тасмим дорад, дар соли 2024 ва 2030 низ дар қудрат бимонад.

XS
SM
MD
LG