Ссылки доступа

"Қазахмис" кӯчонидани шаҳрвандонро аз заминҳое шарҳ дод, ки зерашон холӣ шудааст (видео)


Ширкати "Қазахмис"-и Қазоқистон шарҳ дод, ки чаро бояд сокинони шаҳраки Жезказган ва дигар минтақаҳои аҳолинишини атрофи он дар вилояти Қарағанда кӯчонида шаванд.

Ширкати "Қазахмис", ки дар шаҳраки Жезказган ба истихроҷи металҳои ранга машғул аст, гуфт, "замини зери шаҳрак холӣ шуда, хавфи чукидани он ба миён омадааст".

Ширкат гуфтааст, агар сокинон ба кӯчидан розӣ нашаванд, фаъолияти ширкат кунд ва истихроҷи метал номумкин мегардад.

Ба иттилои ширкати "Қазахмис", ҳукумати вилояти Қарағанда, вазорати саноат ва рушди зерсохторӣ, вазорати кишоварзӣ ва вазорати молия масъули кӯч додани сокинон ҳастанд.

Аммо айни замон наздики 30 хонавода дар шаҳраки Жезказган боқӣ монда, барои кӯчидан розӣ нашудаанд. Ба гуфтаи ин хонаводаҳо, ҷубронпулие, ки дарёфт кардаанд, нокофӣ аст.

XS
SM
MD
LG