Ссылки доступа

Уфти қурби манати Туркманистон дар баробари асъори хориҷӣ


Тамоюли уфти якборагии манати Туркманистон дар баробари асъори хориҷӣ ду ҳафта аст, ки идома дорад.

Дар бозори сиёҳ қирби 1 доллари ИМА ба 40 манат баробар шудааст. Ин нишондод нисбат ба моҳи январи соли ҷорӣ 50% афзоиш ёфтааст.

Манати туркманӣ чанд моҳи охир беист рӯ ба беқурбшавӣ дорад. Ба бовари коршиносон, бозшавии ахири марзи Эрону Туркманистон боиси беқурбшавии манат гардидааст.

Ҳамчунин сабаби дувуми беқурбшавӣ коҳиши интиқоли маблағ аз хориҷи Туркманистон ба ин кишвар будааст.

Миёнаҳои моҳи январ 1 доллари ИМА дар бозори сиёҳи Туркманистон 27-28 манат қурб дошт. Рӯзи 3 апрел 1 доллар дар бозори сиёҳ ба 40 манат расид.

Бонки марказии Туркманистон қурби расмии долларро дар ин кишвар 3,5 манат таъйин кардааст. Ин қурб аз соли 2015 ба ин тараф иваз нашудааст. Бо ин вуҷуд, табодули асъор аз соли 2016 то кунун дар Туркманистон расман манъ аст.

XS
SM
MD
LG