Ссылки доступа

Вазири тандурустии Қазоқистон гуфт, кишвараш воксини бештар харидорӣ мекунад


Алексей Тсой, вазири ҳифзи тандурустии Қазоқистон рӯзи сешанбеи 6 апрел хабар дод, ки дар моҳи ҷорӣ ба минтақаҳои кишвараш воксини бештаре зидди коронавирус ирсол мекунад.

"Бо назардошти афзоиши теъдоди гирифторони вабои коронавирус ирсоли воксини зидд ин вирус ба минтақаҳо дар моҳи ҷорӣ бештар мешавад. Ба ин тартиб, ба шаҳри Нурсултон 284 ҳазор, ба шаҳри Алмато 464 ҳазор, ба шаҳри Чимкент 172 ҳазор, ба вилояти Алмато 232 ҳазор, ба вилояти Қарағанда 217 ҳазор вояи воксин ирсол мешавад", - гуфт Тсой.

Вазир афзуд, дар нимаи аввали имсол дастрас кардани бештар аз 6 миллион вояи воксинро интизор доранд.

Ин дар ҳолест, ки дар чанд рӯзи охир теъдоди гирифторон ба вабои коронавирус дар Қазоқистон дар ҳоли афзоиш аст.

Дар як рӯзи гузашта дар он кишвар 1809 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус сабт шудааст.

XS
SM
MD
LG