Ссылки доступа

Додгоҳи шаҳри Бишкек фаъоли маданӣ Тилекмат Худойбергановро аз ҳабс озод накард


Додгоҳи шаҳрии Бишкеки Қирғизистон рӯзи 6 апрел ҳукми ҳабси пешакии фаъоли маданӣ Тилекмат Худойбергановро баррасӣ ва ӯро то 15 апрел дар ҳабс боқӣ гузошт.

Ба гуфтаи яке аз ширкатдорони ҷаласа, пушти дари додгоҳ тарафдорони фаъоли ҷамъиятӣ ва бархе вакилони порлумон ҷамъ шуданд.

Худойберганов рӯзи 15 март боздошт шуд. Вай зидди коркарди кони Жетим-Тоо ва қабули Конститутсияи нав баромад мекард. Пулис гуфт, дар навиштаҳои фаъоли маданӣ нишонаҳои даъват ба ғасби худсаронаи қудрат ва бетартибии оммавӣ ҷо дорад.

Додгоҳи зинаи поёнӣ фаъоли маданиро барои 1 моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифт.

XS
SM
MD
LG