Ссылки доступа

Роҳбари Amnesty International аз Путин хост, ба вуруди табибон назди Навалний иҷозат диҳад


Алексей Навалний
Алексей Навалний

Дабири кулли созмони байналхалқии ҳифзи ҳуқуқи Amnesty International Анес Калламар бо муроҷиат ба президенти Русия Владимир Путин талаб кард, ки пизишки мавриди эътимоди Алексей Навалнийро фавран ба назди ӯ ба маҳбас роҳ диҳад.

Ин ҳомии ҳуқуқ дар ин бора дар саҳифаи твиттер навишт.

Калламар ба ҳабси беасоси сиёсатмадор ва бадшавии вазъи сиҳатии вай ишора кардааст. Хатаре мавҷуд аст, ки ҳукумати Русия Навалнийро ба марги тадриҷӣ маҳкум кардааст, мегӯяд ҳомии ҳуқуқ Калламар.

Алексей Навалий яке аз камшумор касоне аст, ки баъди заҳролудшавӣ аз "Новичок" зинда мондааст. Ҳифзи тандурустии вай таваҷҷуҳи махсус талаб мекунад, аммо дар ин ваз сиёсатмадорро аз хоб маҳрум кардаанд, ки ин ба шиканҷа баробар аст, навиштааст Калламар. То таъйин шудан ба роҳбарии Amnesty International дар охири моҳи марти имсол Анес Калламар яке аз гузоришгарони вижаи СММ дар умури парвандаи Навалний буд.

Алексей Навалний, ки августи порсол дар минтақаи Сибир бо сафари корӣ қарор дошт, ҳангоми бозгашт ба Маскав дар дохили ҳавопаймо худро бад ҳис карду беҳуш шуд. Ҳавопаймо дар шаҳри Омск фуруд омад ва ӯро ба беморхонаи маҳаллӣ интиқол доданд. Баъди чанд рӯз ӯро барои наҷоти ҷонаш ба Олмон интиқол доданд ва дар он ҷо маълум шуд, ки ӯ бо заҳри низомии шӯравии “Новичок” заҳролуд карда шудааст. Баъди бозгашт аз табобат моҳи январ Навалний боздошт ва дар нақзи ҳукми ҳабси шартии соли 2014-и додгоҳ гунаҳгор шуд. Оғози моҳи феврал ӯро ба 2,5 соли зиндон маҳкум карда ба маҳбас интиқол доданд.

Қабл аз ин дар як филми таҳқиқотӣ Навалний ва тими ӯ собит карданд, ки дар заҳролудкунии ӯ ходимони мушаххаси ФСБ гунаҳгоранд, вале мақомот дар Маскав ин иттиҳомотро рад карданд.

XS
SM
MD
LG