Ссылки доступа

Марзбонии Қирғизистон: вазъ дар марз бо Тоҷикистон ором аст


Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 6 апрел хабар дод, дар деҳаи Булак-Бошии Қирғизистон, ки дар марз бо Тоҷикистон ҷойгир аст, ҳеч ҷанҷоле бо истифода аз силоҳ рух надодааст.

КДАМ хабар медиҳад, ки дирӯз, 6 апрел сокинони маҳаллӣ ҷамъ шуда, аз он изҳори норизоӣ кардаанд, ки дар 2,67 га заминҳо маҳаллӣ дар мавзеи Майтӣ корҳои саҳроӣ қатъ карда шудаанд.

КДАМ-и Қирғизистон мегӯяд, ин мавзеъ баҳсӣ буда, бино ба қарори мақомоти ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ва Ҷаббор Расулови Тоҷикистон аз 24 марти соли ҷорӣ, айни замон кишту кор дар мавзеи мазкур манъ аст.

"Хадамоти марзбонӣ ин мавзеъро муҳофизат мекунад. Дар се соли охир дар ин мавзеъ ҳеч ҷанҷоле бо истифода аз силоҳ рух надодааст. Айни замон вазъ дар ин минтақа ором аст", - хабар додааст Хадамоти марзбонии Қирғизистон.

XS
SM
MD
LG