Ссылки доступа

Сарбозшикорӣ дар Тоҷикистон: донишҷӯёни Донишкадаи санъатро ба артиш бурданд (видео)


Студентов Института искусств в Душанбе забрали в армию, хотя у них есть отсрочка от призыва
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:41 0:00

Дар Тоҷикистон ҳафтаи гузашта даъвати баҳорӣ ба артиш шуруъ шуд. Ин мавсим низ, мисли даъватҳои пешин, дар кӯчаҳо сарбозшикорӣ мушоҳида мешавад.

Аммо ин бор дар сарбозшикорӣ тағйирот дида мешавад: 10 тан аз донишҷӯёни Донишкадаи санъатро иҷборан ба артиш бурданд.

Волидони донишҷӯён мегӯянд, қонун "Дар бораи хизмати ҳарбӣ" магистрҳоро дар давраи таҳсил аз хизмат дар артиш озод кардааст. Сарфи назар аз ин, даҳ тан аз магистрҳои Донишкадаи санъатро дар толори донишкада ҷамъ ва аз онҳо талаб кардаанд, ки дархости довталабона хизмат кардан дар артишро нависанд. Ин даҳ танро иҷборан ба ихтиёри мақомоти артиш супоридаанд. Дар ин бора Дилбар Тоирова - модари донишҷӯ Қурбон Бобомуродов хабар медиҳад, ки писари вай низ дар миёни даҳ тан қарор дорад.

Облавы на призывников: как это происходит в Таджикистане
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:01:53 0:00

"Писарам ба ман тариқи телефон паём фиристод, ки ӯро ба артиш мебаранд. Ман пушти дари военкомат омадам, панҷ дақиқа бо писарам суҳбат доштам. Ба ӯ ваъда кардам, ки раҳояш мекунам", - гуфт Дилбар Тоирова.

Дар ҳар мавсими даъват ба артиш дар Тоҷикистон даҳҳо наворе ба интернет роҳ меёбад, ки лаҳзаҳои сарбозшикориро дар кӯчаҳо сабт кардаанд. Аммо ҳолати ин 10 донишҷӯ камсобиқа аст: то ин замон боре ҳам донишҷӯёнро барои ирсол ба артиш бо роҳи фиреб ба толори донишгоҳу донишкада даъват накардаанд.

Вазорати мудофиа сарбозшикориро рад мекунад. Аз вазорат гуфтанд, ки теъдоди довталабони хизмат дар артиш афзуда, ниёзе ба сарбозшикорӣ боқӣ намондааст. Дар вазорат ҳамзамон гуфтанд, ки донишҷӯён дар давраи таҳсил аз адои хизмати сарбозӣ озод ҳастанд.

XS
SM
MD
LG