Ссылки доступа

Котиби давлатии ИМА аз Радиои Озодӣ ҳимоят кард


Энтонӣ Блинкен, котиби давлатии ИМА дар робита ба фишори мақомоти Русия, ки ба пешгирӣ аз фаъолияти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ равона шудааст, изҳори нигаронӣ кард. Дар ин бора Нед Прайс, намояндаи Департаменти давлатии ИМА хабар дод.

Блинкен рӯзи 6 апрел бо иҷрокунандаи вазифаи раиси Оҷонсии ИМА дар умумри расонаҳои ҷаҳонӣ (USAGM) Келу Чао мулоқот кард. Дар ин мулоқот аҳамияти расонаҳои мустақил дар ҳифз ва густариши усулҳои демократӣ баррасӣ шуд.

Дар моҳҳои охир ниҳоди назоратии Русия "Роскомнадзор" аз расонаҳое, ки аз хориҷ маблағгузорӣ мешаванд, қатъиян талаб дорад, ки дар барнома ва гузоришҳояшон "агенти хориҷӣ" будани худро нишон диҳанд. Сарпечӣ аз иҷрои ин талабот ҷарима ва эҳтимоли бастани сомонаҳои "Садои Амрико", Радиои Озодӣ ва дигар тарҳҳои Радиои Озодиро дар Русия ба дунбол дорад. Ҳадафи чунин фишор - "хомӯш кардани садои хабарнигорони мустақил" аст, омадааст дар изҳороти нашркардаи Департаменти давлатии ИМА.

"Роскомнадзор" Радиои Озодиро барои 390 ҳолати вайрон кардани талаботи қонун "дар бораи агентҳои хориҷӣ" қариб 1 миллион доллар ҷарима кардааст. Радиои Озодӣ ин ҷаримаҳоро ба додгоҳ кашида, онҳоро вайрон кардани талаботи Конститутсия Русия, қонунгузории ин кишвар дар бахши расонаҳо ва қоидаҳои рақобат дар бозори расонаҳо меномад. Додгоҳе дар шаҳри Москва то ин замон 72 шикояти Радиои Озодиро баррасӣ ва ҳамаи онҳоро рад кардааст.

Ҷеймӣ Флай, президенти Радиои Озодӣ чанде пеш гуфта буд, ки сарфи назар аз ҳамаи таъқибҳои додгоҳӣ ва фишори Кремл, Радиои Озодӣ ба фаъолияташ дар Русия идома медиҳад.

XS
SM
MD
LG