Ссылки доступа

Дар Узбекистон ду хабарнигорро дар пайгард қарор доданд


Ду хабарнигори хабаргузории Effect.uz-и Узбекистон дар он кишвар дар пайгарди қонунӣ қарор дода шуданд. Дар ин бора Додситонии кулли Узбекистон рӯзи 6 апрел изҳорот нашр кард.

Effect.uz моҳи январи соли ҷорӣ навореро нашр кард, ки хабарнигорони сомона ба утоқи кории раиси додгоҳи ноҳияи Термиз ворид мешаванд. Хабарнигорон аз раиси суд иштирок дар ҷаласаи додгоҳӣ ва сабти ҷараёни ҷаласаро талаб карданд.

Шӯрои олии додгоҳӣ аз Додситонии кулли Узбекистон дархости санҷиши наворро кардааст.

"Дар пайи санҷиш парвандаи ҷиноӣ боз шудааст", - хабар медиҳад додситонӣ.

Хабарнигорони сомона ба бозпурсӣ даъват, аммо ҳозир нашудаанд.

Нисбати онҳо бо моддаҳои "монеи фаъолияти намояндаи давлат шудан" ва "дахолат ба ҷараёни таҳқиқ" парванда боз шудааст. Додгоҳ онҳоро ғоибона ба ҳабси пешакӣ гирифтааст.

XS
SM
MD
LG