Ссылки доступа

Духтарандар зани маъюбро бо ду фарзандаш аз хона берун мекунад (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Осиё: ширкатҳои ғарбӣ пахтаи чиниро намехаранд. Тоҷикистониҳо дар Москва озодии ҳомии ҳуқуқ Иззат Амонро талаб карданд. Департаменти давлатии ИМА дар бораи ҳуқуқи инсон дар Туркманистон гузориш нашр кард. Фаъолони Қирғизистон даъват ба таҳрими раъйпурсии тарҳи нави Конститутсияро доранд (видео Директ)

- Наздикони магистрҳо аз сарбозшикор нороҳат шудаанд. Дар ҳоле ки мақомот аз беҳбудӣ ва афзудани хоҳишмандон пас аз қабули қонуни нави хидмати ҳарбӣ мегӯянд, ҷавонон аз даъвати иҷборӣ бо шеваҳои нав шикоят мекунанд (видео)

- Духтарандар зани маъюбро бо ду фарзандаш аз хона берун мекунад (видео)

- Дар Тоҷикистон эмгузаронӣ бар зидди коронавирус идома дорад (видео)

- Зани саргардон барои фарзандонаш сарпаноҳ меҷӯяд. Се сол ба ин тараф мактаб интернатҳои Тоҷикистон кӯдакони зиндаятимро қабул намекунанд. Дар ин байн як модари серфарзанд аз ноҳияи Ҳисор мегӯяд, ки дар танҳоӣ ва бидуни кӯмаки давлат аз ӯҳдаи тарбия фарзандонаш намебарояд (видео)

- Падари собиқ корманди "Амонатбонк" ба худкушии писараш бовар надорад (видео)

- Навбати бепоён барои билети парвоз ба Русия. Ширкати Сомон эйр эълон кардааст, ки билетҳои парвози мунтазам аз Душанбе ба Маскав то 27-уми апрел пурра ба фурӯш рафтаанд, вале навбати муштариён коҳиш намеёбад (видео)

- Панҷ чизи донистанӣ дар бораи пайдоиши CОVID-19 (видео)

- Хайрандеш: "Худоё, ин чӣ ҳол аст ин"? Хайрандеш (Хайриддин Қурбонов), шоири шинохтаи тоҷик рӯзи 4-уми апрел 60-сола мешавад. Радиои Озодӣ дар арафаи ҷашни зодрӯзаш бо ӯ суҳбате анҷом дод ва нахуст пурсид, ки имрӯзҳо саргарми чӣ корҳое ҳаст (видео)

- Чаро ҳавопаймои нахустини маъмулӣ ба Маскав парвоз накард? Парвози ҳавопаймои ширкати "ЮтЭйр", ки қарор буд шаби 3-юми апрел (соати 3:30) даҳҳо муҳоҷирро аз Душанбе ба Маскав бурда, ба ин тартиб, роҳи шаҳрвандони Тоҷикистонро ба Русия боз кунад, сурат нагирифт (видео)

- Коронавирус ба Саргузашти Алишер" зиён расонд. Филмсозони “Суғдсинамо мегӯянд, пандемияи COVID-19 ва манъ шудани намоиши филмҳо дар кинотеатрҳо ба кори онҳо дар соли 2020 таъсири бисёр бад расонд (видео)

- Дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон сохтмончиёни бурҷи Абу-Дабӣ гирдиҳамоӣ карданд. Маоши чандмоҳаро нагирифтаанд (видео)

- Акнун чаҳорбарбар наздиктар. То ҷазирақаламрави Сӯх аз Узбекистон роҳи мустақим боз шуд (видео Настоящее время)​

- Чаро дар Қирғизистон сохтмони ҳадди ақал панҷ беморхона дар ҳолати нимасохт қарор дорад (видео Настоящее время)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД.

XS
SM
MD
LG