Ссылки доступа

Баъди марги духтари рабудашуда сокинони шаҳри Бишкек ба эътироз баромаданд (видео)


Дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон иқдоми эътирозии "Зидди хушунат" баргузор шуд. Садҳо тан аз сокинони шаҳр пушти дари бинои вазорати корҳои дохилии Қирғизистон ҷамъ шуда, дар робита ба қатли пурсарусадои Айзада Канатбекова изҳори мавқеъ карданд.

Ҷамъшудаҳо аз ҷумла истеъфои вазири корҳои дохилии он кишвар Улан Ниёзбековро талаб карданд.

Динора Аляева, як фаъоли ҷамъиятӣ гуфт, "Айзада ба хотири он кушта шуд, ки пулис масъулиятҳои мустақими худро иҷро накард". "Инро бояд эътироф кард! Ва имрӯз пулис ба ҳеч суоле посухи рушан надод. Касе натавонист посух диҳад, чаро давоми се рӯз мошине, ки бо он Айзадаро рабуда буданд, пайдо нашуд", - гуфт Аляева.

Нишасти хабарии раёсати корҳои дохилии Бишкек, рӯзи 8 апрели соли 2021:

Гуля Алмамбетова, мушовири пешини шаҳрдори Бишкек суол гузошт, ки: "Чаро блогнависонро давоми як соат пайдо мекунанд, чаро духтари рабудашударо касе пайдо накард?"

Рӯзноманигор Алӣ Токтакунов таваҷҷуҳи ҷамъшудаҳоро ба таъмири бинои ВКД ҷалб кард. "Бо кадом маблағ бино таъмир мешавад? Аз ҳисоби андозҳои мо! Вале куҷост иҷрои масъулиятҳо? Куҷост таъмини тартиботи ҷамъиятӣ? Мо хомӯшона ҷарима пардохт мекунем, аммо куҷост таъмини бехатарӣ аз сӯи давлат?", - гуфт рӯзноманигор.

Баъд аз эътироз пушти дари ВКД, ҷамъшудаҳо сӯи бинои ҳукумати Қирғизистон рафтанд. Эътирозгарон аз ҳукумат пайдо ва муҷозоти омилони рабудани Айзада ва истеъфои вазири корҳои дохилии он кишвар ва сардори раёсати корҳои дохилии шаҳри Бишкекро талаб карданд.

Дар Қирғизистон Айзада Канатбековаи 27-соларо мурда ёфтанд, ки ӯро барои издивоҷ аз кӯча рабуда буданд.

Пулиси Қирғизистон хабар медиҳад, марде ки Канатбековаро рабуда буд, худкушӣ кардааст.

Духтари 27-соларо рӯзи 5 арпел дар шаҳри Бишкек рабуданд. Се мард ӯро иҷборан дар мошине нишонда, ба самти номаълум бурданд.

Ҷасади Канатбекова бо нишонаҳои марги маҷбурӣ ва ҷасади марди 36-сола бо захмӣ корд дар дохили мошине миёни деҳаҳои Арашан ва Чокморов дар наздикии шаҳри Бишкек пайдо шуд.

Марди чӯпоне, ки ба пулис аз ёфт шудани мошин хабар дод, гуфт, мошини мазкурро рӯзҳои 5-6 апрел дида буд, аммо фикр мекард, он дар лой ғуттида аст. Танҳо рӯзи 7 апрел чӯпон ба мошин наздик шуда, ҷасади марду занро дар он дидааст.

Ба иттилои пешакӣ, мард занро дар рафти ҷанҷол бӯғӣ карда, баъдан худро куштааст.

Дар Қирғизистон то кунун занҳоро бо ҳадафи издивоҷ аз кӯча мерабоянд. Пас гирифтани зан аз хонаи марде, ки ӯро рабудааст, беобрӯӣ ба ҳисоб меравад. Ба ҳамин далел волидон духтарони худро баъд аз рабуда шудан аз манзили марди бегона барнамегардонанд. Барои арусрабоӣ дар Қирғизистон ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG