Ссылки доступа

Рубли русӣ дар пасманзари шиддатёбии вазъи сиёсӣ беқурбтар шуд


Дар пасманзари шиддатёбии вазъи сиёсиву дипломатӣ қурби рубли русӣ пойин омад.

Рӯзи 7 апрел рубли русӣ дар нисбати доллари ИМА ба сатҳи поёнии панҷ моҳи охир расид.

Қурби асъори миллии ҳамсояҳои Русия - Қазоқистону Белорус ҳам коҳиш ёфт, ки ин кишварҳо аз иқтисоди Русия вобастагӣ доранд.

Қурби тангаи қазоқӣ рӯзи 8 апрел ба 433 танга расид. Дар ҳоле, ки ибтидои моҳи ҷорӣ 426,94 танга барои ҳар доллари ИМА хариду фурӯш мешуд.

Дар Бонки миллии Қазоқистон гуфтанд, пойинравии қурби рубли русӣ боиси коҳиши арзиши танга шудааст.

Иқтисоди Русияву Белорус аз таҳримҳои ғарбӣ зиён мебинанд. Кишварҳои ғарбӣ ба далели сиёсатҳои худкомаи роҳбарони ду кишвар нисбати онҳо таҳрим ҷорӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG