Ссылки доступа

CIT: низомиёни Русия дар 250-километрии марзи Украина урдугоҳ задаанд


Гуруҳи Conflict Intelligence Team (TIM) бо таҳлили аксу наворҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ба хулоса расидааст, ки низомиёни Русия дар вилояти Воронежи он кишвар, дар 250-километрии марз бо Украина урдугоҳ задаанд.

Пештар аз ин расонаҳо хабар доданд, ки Русия дар марз бо Украина неру интиқол додааст.

Дар солҳои 2014-2015 урдугоҳҳои низомиёни рус дар наздиктари марзи Украина буданд, навиштааст гуруҳи CIT.

CIT мегӯяд, урдугоҳе, ки низомиёни рус ахиран задаанд, маълум нест, ки ба хотири пешгирӣ аз ҳамлаи эҳтимолии Украина аст ё чизи дигар. Мақомоти ҷумҳуриҳои худхондаи Донбассу Луганск пештар гуфтанд, ки Украина ба ҳамла ба ин ҷумҳуриҳо омодагӣ мебинад.

XS
SM
MD
LG