Ссылки доступа

Фаъолони Қирғизистон талаби ислоҳоти низоми ҳифзи ҳуқуқро доранд


Эътилофи шаҳрвандии "Ҷонбидори ислоҳот ва натиҷа" дар Қирғизистон талаби ислоҳоти фаврӣ дар низоми ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини бехатарии занонро дорад.

Дар изҳороти эътилоф омадааст, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нишон доданд, ки имкони вокуниши фавриро надоранд, таҳқиқҳоро ба таври муассир анҷон намедиҳанд.

"Зарфияти мақомоти қудратӣ бештар ба ҳифзи манфиатҳои гуруҳҳои сиёсӣ равона шудааст ва сиёсатӣ кадрӣ боис мешавад, ки соҳибкасбон тарки мақомот кунанд. Дар ин миён бештар аз ҳар қишри дигар занону духтарон осеб мебинанд", - омадааст дар изҳорот.

Ба иттилои расмӣ, дар соли 2020 дар Қирғизистон 215 ҳолати "Арусрабоӣ" сабт шуда, танҳо 13 ҳолат то ба додгоҳ расидааст.

Фаъолон мегӯянд, оморҳои воқеӣ ба маротиб бештар аз оморҳои расмӣ ҳастанд. Ба бовари фаъолон, бисёре аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон хабари рабуда шудани занон ва хушунат нисбати онҳоро ҷиддӣ намегиранд.

Эътилофи шаҳрвандӣ талаб дорад, ки бояд ислоҳоти густарда дар низоми пулис анҷом ва ба ин тартиб, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон дар ҷои аввал гузошта шавад, на манфиатҳои вазорат. Онҳо ҳамчунин талаб карданд, ки вазири корҳои дохилӣ бояд аз ҳисоби занон таъйин шавад.

Дар Қирғизистон як ҳодисаи арусрабоӣ, ки ба куштор анҷом шуд, ҷомеаи он кишварро ба хашм овард. Дар шаҳри Бишкеки он кишвар рӯзи 8 апрел ба кӯча баромаданд ва истеъфои вазири корҳои дохилӣ Улан Ниёзбеков, ислоҳоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқро талаб карданд.

XS
SM
MD
LG