Ссылки доступа

RFERL талошҳои Русия барои бастани "Радио Свобода"-ро маҳкум кард


Ҷейми Флай, президенти Радиои Озодӣ/ Радиои Аврупо Озод, талошҳои афзояндаи Русия барои берун кардани Радиои Озодӣ ва шабакаи маъруфи "Current Time" аз он кишварро маҳкум кард.

Дар изҳороти оқои Флай, ки рӯзи 8-уми апрел нашр шуд, гуфт мешавад, "Радиои Озодӣ ба он хотир аз сӯи мақомоти Русия ҳадаф қарор гирифтааст, ки Кремл дар пайи маҳдуд кардани иттилоъ ба мардум аст ва мо ахбору маълумоти воқеиро дар ихтиёри онҳо қарор медиҳем. Мо ба муқовимат дар баробари ин ҳамлаҳо бо тавоноии худ барои фаъолият дар Русия аз тариқи ҳама роҳҳои мумкин идома хоҳем дод. Мо ба ин бовар ҳастем, ки мардуми Русия интихоб ё гузинаҳои бештаре мехоҳанд".

Ин изҳороти оқои Флай дар ҳоле садо медиҳад, ки Радии Озодӣ огоҳ шудааст, "Роскомнадзор" -- ниҳоди танзимкунандаи фаъолияти расонаҳои Русия, дар даври тозае Радиои Озодиро боз 130 ҳолати дигари вайрон кардани талаботи қонун муттаҳам мекунад. "Роскомнадзор" то ба ҳол Радиои Озодиро барои 390 ҳолати вайрон кардани талаботи қонун "дар бораи агентҳои хориҷӣ" қариб 1 миллион доллар ҷарима кардааст.

Дар сурати иттиҳомоти нав, маҷмуи "қонуншиканиҳо"-и Радиои Озодӣ ба гуфтаи мақомоти Русия, ба 520 иттиҳом мерасад ва маблағи ҷаримаи пешбинишуда ба 2,3 миллион доллар хоҳад расид. Сарпечӣ аз иҷрои ин талабот ҷарима ва эҳтимоли бастани сомонаҳои "Садои Амрико", Радиои Озодӣ ва тарҳҳои дигари Радиои Озодиро дар Русия ба дунбол дорад.

Дар панҷ соли гузашта шумораи корбарони Радиои Озодӣ дар Русия ду баробар афзоиш ёфтааст. Нуфузи РАО/РО дар ҳоли афзоиш аст: дар маҷмуъ дар ду моҳи соли 2021 ба сомонаи русии Радиои Озодӣ бештар аз 32 миллион бинанда сар задааст. Наворҳои видеоии "Current Time" -- як тарҳи Радиои Озодӣ, байни октябри соли 2019 ва сентябри 2020 беш аз 1,5 миллиард бор дида шудаанд.

Бино ба талаби "Роскомнадзор", тарҳҳои Радиои Озодӣ дар Русия бояд дар ибтидои ҳама гуна барномаҳои аудиоӣ порчаи 15-дақиқаии садоиро дар бораи агенти хориҷӣ будани радио нашр кунанд. Ҳамчунин бояд дар барномаҳои видеоӣ навиштаи агенти хориҷӣ ҷо дода шавад. Ҳамзамон бояд дар маҳсулоти матнӣ, ҳам дар сомона ва ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ, сарфи назар аз ҳаҷми матн, навиштаи агенти хориҷӣ нашр шавад.

Рӯзи 6-уми апрел Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрико, дар робита ба фишори мақомоти Русия, ки ба пешгирӣ аз фаъолияти Радиои Аврупои Озодӣ/Радиои Озодӣ равона шудааст, изҳори нигаронӣ кард.

Блинкен рӯзи 6-уми апрел бо иҷрокунандаи вазифаи раиси Оҷонси Амрико дар умури расонаҳои ҷаҳонӣ (USAGM) Келу Чао мулоқот кард. Дар ин мулоқот аҳамияти расонаҳои мустақил дар ҳифз ва густариши усулҳои демократӣ баррасӣ шуд.

Моҳи гузашта гуруҳи сенаторҳои ИМА аз ҳизби демокративу ҷумҳурихоҳ Кремлро барои "ҳамлаи давлатӣ ба озодии расонаҳо" маҳкум карданд. Сенаторҳо дар изҳороти муштараки худ гуфтаанд, қонуни мазкур ба хотири он истифода мешавад, ки Радиои Озодӣ ва дигар тарҳҳои РАО/РО-ро маҷбур ба хомӯш нишастан кунанд.

XS
SM
MD
LG