Ссылки доступа

Як додраси Додгоҳи олии Қазоқистон барои гирифтани пора дастгир шуд


Мейрам Жангуттинов
Мейрам Жангуттинов

Додгоҳи шаҳри Нурсултони Қазоқистон 9 апрел як додраси Додгоҳи олии ин кишварро ба ду моҳи ҳабси пешакӣ маҳкум кард. Додрас Мейрам Жангуттинови 63-сола 11 феврали соли равон ҳангоми гирифтани ришва дастгир шуда буд.

Ба гуфтаи муфаттишон, Жангуттинов аз як додраси ноҳиявӣ дар вилояти Туркистони Қазоқистон барои гузаронидан ба ҷои кори дигар пул гирифтааст. Ин додрас ҳам дастгир шудааст.

Мейрам Жангуттинов соли 2011 додраси парвандаи фасодкории вазири тандурустии Қазоқистон Жаксилик Доскалиев буд. Доскалиев бо ҷурми фасодкорӣ 7 сол зиндонӣ шуд, вале президенти вақти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев баъди 7 моҳ ӯро афв кард.

XS
SM
MD
LG